Пешниҳоди хизматрасониҳои нав ба мардум

Март 27, 2013 16:53

Кӯлоб, 27 март. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов). – Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси соҳибкор Саймурод Иброҳимов ва дастгирии ташкилоти байналмилалии «Оксфам» маркази байторӣ барои беҳдошти ҳайвонҳои шохдори калону майда, мурғҳо ва оилаҳои замбӯр таъсис ёфт. Ташкилоти «Оксфам» барои сохтмон ва хариди таҷҳизоти нави байторӣ зиёда аз 14 ҳазор доллар сарф намудааст. Маркази мазкур дар деҳаи Танел ҷойгир шуда, ҳамзамон хизмати худро ба 10 қишлоқи атроф барои нигаҳдошти ҳайвонот, мурғҳо ва замбӯрҳо аз касалиҳои сироятӣ мерасонад. Ҳамзамон бо ташаббуси ташкилоти «Оксфам» дар оянда боз 5 маркази байторӣ кушода мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб 2 адад, дар ноҳияи Темурмалик 2 адад ва ҳамин гуна як маркази дигар дар ноҳияи Восеъ таъсис дода мешавад. Ташкилоти байналмилалии «Оксфам» ният дорад дар оянда чунин марказҳоро дар ноҳияҳои Муъминобод ва Восеъ низ ба истифода диҳад, то ки онҳо барои беҳдошти саломатии мардум ва ҳифзи одамон аз сирояти касалиҳои ҳайвонот хизмат кунанд.

Март 27, 2013 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст