Рӯзҳои баъдӣ ҳарорати ҳавои кишвар ба 0 дараҷа мерасад

Март 6, 2013 14:51

Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шуруъ аз фардо-7 то 9 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво якбора поён фаромада, аз 20-23 дараҷаи гармӣ то 0 дараҷа мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Парвина Саидҷамолова, мудири шуъбаи пешгӯии обу ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар иттилоъ дод.  Мавсуф зикр кард, ки омили якбора паст гардидани ҳаво дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ворид гардидани фишори баланди ҳавои сард аз самти ғарб мебошад, ки дар натиҷа рӯзи 7 март дар вилояти Суғд борон борида, он ба барф табдил мегардад. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар Рӯзи иди модарон -8 март ҳарорати ҳаво то 0 дараҷа фаромада, нимаи охири рӯз борон ба барфи тар мубаддал мегардад. 9 март дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба тадриҷ боло меравад. Имрӯз 6 март ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе рӯзона 25 дараҷа ва шабона 12 дараҷа гарм мешавад.

Март 6, 2013 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст