Ш. Зуҳуров намояндагони ҳокимияти 4-ро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- “Роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матолибе, ки тавассути шумо роҷеъ ба фаъолиятҳои ҳамаҷонибаи парлумони мамлакат дар расонаҳои гуногун нашр мешаванд, қаноатманд аст”, гуфт зимни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо хабарнигорони парлумонӣ 11 март дар Рӯзи матбуоти тоҷик. Шукурҷон Зуҳуров намояндагони ҳокимияти чорумро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо сарбаландию саодати рӯзгор ва комёбиҳо таманно кард. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки нақши Васоити ахбори омма /ВАО/ дар ташаккули афкори ҷомеа, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, ҳалли мушкилоти он хеле муассир аст. Мавсуф афзуд, ки фаъолияти ВАО ва озодии баён дар кишварамон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки охири соли гузашта аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шуд, ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонист.Зикр шуд, ки ҳар як расона ба таври худ фазои иттилоотии кишварро пур намуда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми муносиб мегузорад. Матбуот дар бозгӯ, ташреҳ ва таҳлилу баррасии ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани дараҷаи огоҳии иттилоотӣ ва маърифати мардум нақши созгор дорад. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат зикр кард, ки: “Матбуот дар ҳама гуна кишвар бояд дар ҳақиқат ҳукумати чаҳорум бошад ва шумо –намояндагони ВАО дар фаъолиятҳои худ бояд исбот карда тавонед, ки зимоми ин гуна ҳукуматро дар даст доред ва ҳамзамон бояд мутмаин бошед, ки суханони шумо ҳақиқатан ҳам дар зеҳни афроди ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд. Танҳо дар чунин ҳолат мустақилияти шумо таъмин ва маводи нашрнамудаатон ҳадафрас хоҳад шуд”. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки Парлумони касбии мамлакат барои рушди матбуоти тоҷик талош менамояд ва омодаи ҳамкорӣ бо ВАО аст. “Маҷлиси намояндагон ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судмандро ҷонибдорӣ мекунад, сарфи назар аз он, ки ин пешниҳодҳо аз сӯи кадоме аз табақаҳои ҷомеа ба унвони мо ирсол мешавад. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои манфиатовар аз ҷониби хабарнигорони ВАО-и гуногуни давлативу ғайридавлатӣ, мо аз онҳо пуштибонӣ хоҳем кард”, афзуд раиси Парлумон. Мавсуф аз намояндагони расонаҳо даъват ба амал овард, ки маводе таҳия ва мунташир созанд, ки дар он ғараз набошад, зеро рушду шукуфоӣ ва комёб гаштан ба ҳадафҳои созанда аз сарҷамъӣ ва фаъолияти шаффофонаи намояндагони ВАО вобаста аст. Фаъолияти ҳамаи ниҳодҳо, хусусан Парлумони кишвар дар навиштаҷоту маводи рӯзноманигорон бояд шаффоф инъикос гардад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






