Шарафи муаллимонро давлат ҳимоя мекунад

Март 6, 2013 15:10

Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави «Қонун дар бораи маориф» аз сӯи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар баррасӣ ва қабул гардид.Нуриддин Саидов –вазири маорифи ҷумҳурӣ ва Марҳабо Ҷабборова –раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур зикр карданд, ки рушди соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Чумҳурии Тоҷикистон буда, қабули қонуни нави маориф тақозои замон аст. Он бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа- таъмини сатҳу сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани бахши маорифи кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия гардидааст. Лоиҳаи нави қонуни маориф аз 8 боб ва 69 модда иборат буда, он аз сӯи гуруҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон таъсис дода шуд буд, дар зарфи 8 моҳ дар кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба баррасӣ гардид. Нисбат ба лоиҳаи қонуни мазкур 1050 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатро дар соҳаи маориф муайян намуда, шаъну шарафи омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, дар ҳолати таҳқири муаллим, шахс гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба ӯ чораҳо андешида мешаванд. Инчунин тибқи лоиҳаи нави қонуни маориф муаллимони ҷавоне, ки дар минтақаҳои дурдасти куҳистон ба толибилмон дарс медиҳанд, аз баъзе имётизҳо бархурдор хоҳанд гашт. Яке аз онҳо ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист, инчунин ҷудо намудани иловапулӣ аст. Мавриди зикр аст, ки дар соли равон аз буҷаи кишвар барои рушди соҳаи маориф 2 миллиарду 138 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар зарфи 20 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 200 мактаби нав ба истифода дода шудааст.

Март 6, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст