Шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи Панҷ таъмир шуд

Март 1, 2013 11:22

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Лоиҳаи барқароркунии шуъбаи касалиҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ» бо маблағи умумии 108 ҳазору 800 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд, бо муваффақият ба итмом расид. Ҳарорати баланди ноҳияи Панҷ дар фасли тобистон ва мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии он, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад, барои гирифтор шудани кӯдакон ба касалиҳои сироятӣ, ба монанди гепатити А ва домана таъсири худро мерасонад. Барои табобати касалиҳои сироятӣ шуъбаи касалии сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ соли 1978 сохта шуда, аз ҳамон сол бино ягон бор таъмир нашудааст. Набудани таҷҳизоти зарурӣ мушкилоти асосӣ барои гузаронидани муолиҷа буд. Баъди ба итмом расидани лоиҳа дар айни замон бинои шуъба пурра таъмир гардид ва он бо таҷҳизоти асосӣ барои муолиҷа муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар натиҷа 1800 кӯдаки гирифтори касалии сироятӣ метавонад ёрии таъҷилии заруриро дар ин шуъба сари вақт дастрас намояд.

Март 1, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст