Сигор сабабгори марг шуд

Март 5, 2013 16:28

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов ).-Кашидани сигор дар ҷойгаҳи хоб ҳангоми сархушӣ боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини вилояти Суғд гардид. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки шоми 2-юми марти соли равон, соати 19:44 дар манзили истиқоматии Комилҷон Ваҳҳобов, cокини кӯчаи Маърифат, хонаи 18-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа 30 метри мураббаъ аз масоҳати ҳуҷраи истиқоматӣ бо молу ашёҳои рӯзгори соҳибхона зарар дидааст. Ҳамчунин қисми зиёди бадани Комилҷон Ваҳҳобов дар оташ сӯхта, дар ҷойи ҳодиса то расидани оташнишонон ба ҳалокат расидааст.

Март 5, 2013 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад