«Силро нагузоред, ки маро кушад»

Март 27, 2013 13:58

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мардуми ҷаҳон ҳар сол 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории силро таҳти шиори «Силро нагузоред, ки маро кушад» қайд менамоянд. Тавре ки намояндаи масоили марбут ба аҳли ҷамъияти Намояндагии созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Таҳмина Алимамедова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, соли дуюм аст, ки дар кишварамон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил таҳти ҳамин шиор қайд карда мешавад. Мувофиқи суханони Таҳмина Алимамедова, 27 март дар маҷлисгоҳи Маркази намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо мушорикон аз рӯи масоили бемории сил мулоқот баргузор гардида, зимни он ба хадамоти озмоишгоҳҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Қобили зикр аст, ки 24 марти соли 1882 сироятшиноси немис Роберт Кох аз кашфи сирояти бемории сил хабар дода буд. Баъди сад сол, яъне соли 1982, Иттиҳодияи байналмилалии мубориза бо бемории сил ва бемориҳои шуш пешниҳод намуд, ки 24 март ба таври расмӣ Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил эълон карда шавад.

Март 27, 2013 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст