Т. Курт пешниҳоди С. Девонаевро пазируфт
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Дирӯз мулоқоти сардори Хадамоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият ва дастовардҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ бо як силсила кишварҳо, аз ҷумла бо Федератсияи Русия ба Тайма Курт маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки пурзӯр намудани кӯмакҳои техникӣ тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба Хадамоти муҳоҷират метавонад ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои мутобиқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ мусоидат намояд.Сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намуд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардад, ки дар он директори генералии Созмони байналмилалии муҳочират(СБМ) ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ иштирок намоянд. Ин форум барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҳамкории зич бо диаспораҳо ва барасии «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» шароити муфид фароҳам хоҳад овард. Тайма Курт пешниҳоди сардори Хадамоти муҳоҷиратро оид ба ташкили Форуми байналмилалии муҳоҷират пазируфта, иброз дошт, ки: » Иштироки Шуморо дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Форуми вазирон оид ба ҷамъиятҳо», ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Женева баргузор мегардад, интизорем». Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






