Таҷлили ид дар Майдони Калони Роғун
Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори Рӯзи модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, дар маркази ҷамъиятию фароғатии маҳаллаи Майдони Калони шаҳри Роғун маҳфили идонаи бонувони қасабаи мазкур баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун созмон дода шуда, дар он занону духтарони ин қасаба атрофи хони идона сарҷамъ гардида, маҳфили идона барпо намуданд. «Барномаи идонаи фароғатӣ аз ҷониби занону духтарони маҳаллаи Майдони Калон таҳия гашта, хеле диданию ҷолиб ва хотирмон буд», мегӯяд Осиямоҳ Давлатова, корманди дастгоҳи раиси шаҳри Роғун. Хусусан байтбарак ва қироати шеъру тарона дар васфи зан-модар ба маҳфили идонаи бонувон нуру зиё ато кард. Дар фарҷоми маҳфили идона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба фаъолони маҳфили идонаи бонувони қасабаи Майдони Калон туҳфаҳо тақдим гардиданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






