Тадбирҳои Ҳукумат мақоми занро дар ҷомеа боло бурдааст

Март 7, 2013 16:03

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии худ ба муносибати Рӯзи модар иттилоъ дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст. Зикр шуд, ки санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.   Сарвари давлат ба тасвиб расидани як қатор санадҳо, аз ҷумла Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» -ро барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон муҳим арзёбӣ намуд. Дар натиҷаи тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият — мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.Гуфта шуд, имрӯз дар мамлакат қариб 30 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил мекунанд ва онҳо дар ҳама зинаҳои ҳокимият дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд.

Март 7, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд