Вохӯрии Афшин бо кӯдакони мариз
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар шуъбаи кӯдаконаи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ бахшида ба фарорасии баҳору ҷашни аҷдодии Наврӯз вохӯрӣ доир шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Фонди хайрияи «Лона» ва бо дастгирии ширкати «Next One» барои хушҳол сохтани хотири ин маризон бо иштироки овозхони машҳури эрониасл Афшин баргузор гардид. Ин чеҳраи шинохтаи олами санъат, ки бо сурудҳояш хеле маҳбуб гардидааст, бо маризони шуъбаи кӯдаконаи ин марказ суҳбат намуда ва ба кӯдакон туҳфа тақдим намуд.Директори Фонди хайрияи «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов зикр намуд, ки кормандони Фонд тасмим доранд дар оянда бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи чунин беморон як маркази замонавии онкологии муҷаҳҳаз бо тамоми технологияи зарурӣ ва сатҳи баланди хизматрасониро мавриди истифода қарор диҳанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






