Ғолибияти донишҷӯи тоҷик миёни донишҷӯёни ИДМ

Апрель 9, 2013 16:45

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бино бар иттилои роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе «Ҷавонони раванди рушд» Парвина Нуриддинова дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 дар бахши татбиқи «Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020» ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ, фестивали дуюми илмию эҷодӣ байни донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Ақида дорам» дар шаҳри Бокуи кишвари Озарбойҷон сурат гирифт. Дар фестивал донишҷӯёни кишварҳои аъзои ИДМ, ба мисли Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия ширкат доштанд. Баъд аз баррасии корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати комиссияи масъул ғолибони чорабинӣ муайян гардиданд. Аз Тоҷикистон донишҷӯи бахши 5 бо ихтисоси кори иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимзода Азимҷон дар номгӯи «Соҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷои сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид. Мавзӯи пешниҳоднамудаи Азимҷон «Кӯдакони бепарастор: масъала ва роҳи паст гардонидани рафтори девиантӣ миёни кӯдакони муҳоҷир» унвон дошт. Ғолибонро муовини аввали вазири ҷавонон ва варзиши кишвари Озарбойҷон Интигам Бобоев бо сертификату туҳфаҳо сарфароз гардонид.

Апрель 9, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш