Қоҳир Расулзода бо сафири Амрико мулоқот кард

Апрель 4, 2013 14:32

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз, 4- уми апрел раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт.Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ махсус таъкид карданд. Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки солҳои охир имкониятҳои содиротии вилоят, бахусус дар самти меваи хушк боз ҳам афзоиш ёфтааст ва дар ин бобат таҳкими ҳамкориҳо бо Амрико ба манфиати тарафайн хоҳад буд. Сюзан Эллиот гуфт, ки ин нахустин сафараш ба вилояти Суғд аст ва дар оянда ба масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба рушди соҳаи саноати сабук, инчунин ба масъалаҳои ҳуқуқи башар, густариши ҷомеаи маданӣ, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг таваҷҷуҳи бештар хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки Сюзан Эллиот 3-юми апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба вилояти Суғд рафтааст.

Апрель 4, 2013 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст