Ҳадя ба китобхонаи донишгоҳ

Апрель 19, 2013 09:47

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар доираи озмуни якмоҳаи мутолиаи китоб дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ декани факултаи забон ва адабиёти руси ҳамин таълимгоҳ Маҳмадулло Раҷабов 187 китоби дарию таълимӣ, методӣ, илмӣ, илмию оммавӣ ва бадеиро, ки бо забони русӣ дар солҳои гуногун нашр гардидаанд, ба китобхонаи донишгоҳ тақдим намуд. Зимни суҳбат мавсуф ба мо иброз дошт, ки китобҳои мазкур моли шахсии ӯ буда, аз замони мактабхонӣ то имрўз барои истифодаи худ гирдоварӣ карда буд. М.Раҷабов ҳадаф аз ин амали некро ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаи донишгоҳ ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар раванди таҳсили босамари донишҷӯён унвон кард.Қобили зикр аст, ки ин иқдоми М.Раҷабов боиси дастгирӣ ва пайравии ҳамагон мебошад.

Апрель 19, 2013 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст