Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 22-юм то 27-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ даври ҳаштуми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳафтаи аврупоии иммунизатсия — ин ташаббусест, ки ба баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ва фоидабахшии иммунизатсия равона шудааст.Мақсади чорабинӣ баланд намудани сатҳи фарогирии иммунизатсия ба воситаи баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба зарурият ва ҳуқуқи ҳар як кўдак нисбат ба муҳофизати ў аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Диққати махсус ба гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дода мешавад. Бояд гуфт, ки Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия куллан барои баланд бардоштани донишу малакаҳои аҳолӣ оид ба фоидабахшӣ ва моҳияти иммунизатсия бахшида шуда, диққати махсус ба аҳолии маҳаллаҳои дурдасту душворрас равона мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






