Ҳамкориҳо бо TICA вусъат меёбанд
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар Душанбе вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод бо муовини сардори раёсати Туркия оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ (TICA) дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Сюррейа ЭР доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои калидӣ дар мулоқоти У. Давлатзод бо Меҳмет Сюррейа ЭР маҳсуб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расонидани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани тахассус мунтазам таҳти назорат мегирад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расидааст. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






