Ҳавасмандии Швейтсария ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон

Апрель 27, 2013 11:05

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиер вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳар ду ҷониб аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеаи равобити бештар ба нафъи ҷонибҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Айвес Россиер бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои пусамари Тоҷикистону Швейтсария дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалӣ тазаккур дод, ки ҷониби Швейтсария яке аз тарафдорони шомилшавии Тоҷикистон ба ин ниҳод буд ва ният дорад дар ин самт ба ҳамкориҳои худ вусъати дучанд бахшад. Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамоҳангӣ бо нуқтаи назари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки яке аз омилҳои муҳимтарини рушди кишвар- ин сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва дар ин самт низ бояд ҳамкориҳои дуҷониба тақвият дода шаванд. Зикр шуд, ки соли оянда кишвари Швейтсария раисии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда хоҳад дошт ва аз ин рӯ, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ҳамин замина ҳамкориҳои бештаре ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин Айвес Россиер ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар изҳори умедворӣ намуд.

Апрель 27, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш