«Ҳазору як дармони дарди Шумо»
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Нашриёти «Адиб» китоби «Ҳазору як дармони дарди Шумо»-ро бо теъдоди ду ҳазор нусха дастраси хонандагон намуд. Китоб хонданбобу шавқовар аст, зеро дар он мушоҳида, таҷрибаҳои чандинсолаи тибби халқӣ манзури хонанда гашта, барои бардамӣ ва сиҳатии ҳар кас метавонад хизмат намояд. Муаллифи китоб Латофат Насриддинова мебошад.Ҳамчунин нашриёти мазкур китоби Абдувалӣ Шариповро таҳти унвони «Экспозитсия ва экскурсияи осорхона» бо теъдоди як ҳазор нусха нашр намуд. Дар китоб оид ба экспозитсия, экскурсия ва нақшаҳои ояндаи Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафта, он ҳамчун дастури илмию методӣ чӣ барои худи кормандони ин осорхона ва чӣ барои фаъолияти осорхонаҳои дигари ҷумҳурӣ маълумоти зарурӣ дода метавонад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






