Ҳифзи меҳнат- гарави пешрафти истеҳсолот

Апрель 16, 2013 16:24

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Донишгоҳи давлатии авиатсионию техникии авиатсияи граждании шаҳри Маскав бо мақсади аз бар кардани меъёрҳои қонун ва санадҳои ҳуқуқии ҳифзи меҳнат аз рўи тавсияи Вазорати меҳнати Федератсияи Русия, мунтазам курсҳои такмили ихтисосро ташкил менамояд, ки дар онҳо мутахассисон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дарс меомўзанд. Дар курси навбатии омўзишие, ки дар шаҳри Маскав аз 17 март то 6 апрели соли ҷорӣ гузашт, сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Мирзомурод Саидов иштирок кард. Бино ба иттилои Мирзомурод Саидов барномаи таълимӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифта, вобаста ба мавзуъҳои Кодекси меҳнат ва дигар асноди ҳуқуқӣ, меъёрҳои давомнокии рўзи меҳнат ва истироҳат, давомнокии соати корӣ ва рўзҳои кории кўтоҳшуда, пардохти музди меҳнат барои кор дар шароити меҳнати мушкил, ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат дар корхона омўхта шуд. Дар фурудгоҳи Душанбе кормандоне, ки дар шароити хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ фаъолият доранд, ҳамеша таҳти назорат буда, бо воситаҳои махсуси инфиродӣ, аз қабили либос ва пойафзолҳои махсус, кулоҳ, асбобҳои радиатсиясанҷ, дозиметр, айнак, ниқоби зиддигазӣ ва дигар воситаҳои ҳимоякунанда таъмин буда, ҳамасола аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмаюсуф Шодиев иттилоъ дод.

Апрель 16, 2013 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид