Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти хадамот дар семоҳаи аввали соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои давраи минбаъда баргузор гардид. Сардори Раёсати ташкилию таҳлилии хадамот Назрулло Бекназаров иброз дошт, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират», дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, оид ба танзими раванди муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонид. Аз тарафи намояндагӣ дар се моҳи соли 2013 дар ҳаҷми 1 миллиону 920 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ баргардонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2012 1 миллиону 533 ҳазору 420 рубли русӣ зиёд мебошад. Бо мусоидати намояндагӣ 3 қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Русия бо қарори мақомоти суди болоӣ бекор карда шуд. Дар фарҷом сардори хадамот барои дастгирии доимӣ миннатдорӣ баён намуда, ҳозиринро барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вазифадор намуд. Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






