«Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013»-мусобиқаи мубоҳисавӣ
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– 21 апрели соли 2013 Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди Фридрих Науман ва Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» аввалин маротиба мусобиқаи мубоҳисавии минтақавии «Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013»-ро, ки ба мавзуъҳои иқтисодӣ — масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шудааст, барои ҷавонони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мекунад. Ҳадафи он афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзуъҳои алоҳида мебошад. Мусобиқа аз рӯйи шакли парламентии амрикоӣ сурат мегирад.Мубоҳисаи ҷавонӣ яке аз усули таъсирноки омӯзиш барои ба даст овардани дониши зарурӣ дар ҷамъияти демократӣ мебошад. Ин мусобиқа барои баланд бароштани сатҳи дониш, рушди тафаккури интиқодӣ ва маҳорати суханварӣ равона шудааст.Бо андешаи ташкилотчиён, мақсади асосии мусобиқаи мубоҳисавии «Ҷоизаи бозори озод — Хатлон 2013» — рушди ҳаваси ҷавонони минтақа барои ба даст овардани дониши иқтисодӣ ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави намоён равона шудааст. Бинобар ин пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба шакл ва техникаи мубоҳиса гузоронида мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






