15 миллион доллари Амрико ба беморхонаҳои Тоҷикистон
Душанбе, 15 апрел .(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) -Департаменти давлатии ИМА тавассути лоиҳаи ҲОУП ба маблағи зиёда аз 15 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон доруворӣ интиқол дод. Доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон тақсим мешаванд. Тавре ки аз сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, дар маросими тақдими ин доруворӣ ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринология дар шаҳри Душанбе сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт иштирок намуд. Манбаъ афзуд, ки ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз ҷумла “Eli Lilly”, “Mass Bio”, “GlaxoSmithKline”, “Bristol-Myers Squibb”, “Merck”, “Hospira”, ва “Allergan” доруҳоро ҳадя намуданд ва Департаменти давлатии ИМА ҳамлу нақли онро таъмин намуд. Лоиҳаи ҲОУП дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ касалхонаҳои ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доштаро интихоб карда, тақсимоти лавозимотро ҳамроҳӣ намуд. Зимнан лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад. Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 350 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






