15 миллион доллари Амрико ба беморхонаҳои Тоҷикистон

Апрель 15, 2013 09:45

Душанбе, 15 апрел .(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) -Департаменти давлатии ИМА тавассути лоиҳаи ҲОУП ба маблағи зиёда аз 15 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон доруворӣ интиқол дод. Доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон тақсим мешаванд. Тавре ки аз сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, дар маросими тақдими ин доруворӣ ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринология дар шаҳри Душанбе сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт иштирок намуд.  Манбаъ афзуд, ки ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз ҷумла “Eli Lilly”, “Mass Bio”, “GlaxoSmithKline”, “Bristol-Myers Squibb”, “Merck”, “Hospira”, ва “Allergan” доруҳоро ҳадя намуданд ва Департаменти давлатии ИМА ҳамлу нақли онро таъмин намуд. Лоиҳаи ҲОУП дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ касалхонаҳои ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доштаро интихоб карда, тақсимоти лавозимотро ҳамроҳӣ намуд. Зимнан лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад. Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 350 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудааст.

Апрель 15, 2013 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд