85 нафар донишҷӯй ёрии паллиативӣ меомӯзанд

Апрель 18, 2013 16:56

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Барномаи тандурустии ҷамъиятии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 22 то 25 апрел ва аз 13 то 18 майи соли 2013 дар заминаи Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии экспертиза ва барқароркунии қобилияти кории маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ барои донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми шуъбаи эҳёгарии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии шаҳри Душанбе 2 тренинг баргузор менамояд.   Барномаи мазкур лоиҳаҳои таҷрибавиро оид ба расонидани ёрии паллиативӣ ба эҳтиёҷмандон амалӣ менамояд. Ёрии паллиативии босифат бояд аз ҷониби дастаи мутахассисон, ки ба он духтур, ҳамшираи тиббӣ, равоншинос, корманди иҷтимоӣ дохил мешаванд, расонида шавад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур ба 85 нафар донишҷӯй омӯзонидани асосҳои кӯмаки иҷтимоӣ, психологӣ ва тиббӣ ба беморони паллиативӣ мебошад.

Апрель 18, 2013 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш