А. Омпо аз истифодаи дурусти маблағҳои БИР қаноатманд аст
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохурии муовини раиси раёсати БДА «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов бо намояндаи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Омпо баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази хадамот ва рекламаи «Амонатбонк» иттилоъ доданд. Аз рӯи иттилои манбаъ, мақсади ташрифи Аҳмад Омпо тайёр намудани ҳисоботи ниҳоӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзии аз БИР пешниҳодшударо дар бар мегирифт. Намояндаи БИР инчунин бо намояндагони Департаменти қарздиҳии бонк дар масъалаи тайёр намудани ҳисоботи ниҳоӣ оид ба истифодаи маблағҳои қарзии БИР мулоқот кард. Дар доираи мулоқот аз сафари хеш бо дархости БИР Аҳмад Омпо аз ноҳияи Рудакӣ вобаста ба пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ба соҳибкорзанон ва истифодаи дурусти ин маблағҳо дидорбинӣ анҷом дод. Дар ин сафар Аҳмад Омпо аз чанд корхонаҳои хурди дӯзандагии занони деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бевосита аз маблағҳои қарзии БИР бо пешниҳоди «Амонатбонк» дода шудаанд, мулоқот анҷом дод. Пас аз сафар дар ноҳияи Рӯдакӣ намояндаи БИР Аҳмад Омпо аз истифодаи дурусти маблағҳои қарзии БИР, ки аз «Амонатбонк» пешниҳод мешаванд, изҳори қаноатмандӣ намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






