Афзудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ дар ду моҳ

Апрель 4, 2013 14:32

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тибқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар ду моҳи аввали соли равон қариб 4,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз афзуд. Тавре ки дар ин бора аз Бонки миллии кишвар хабар доданд, дар таркиби бақияи пасандозҳо маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.Бино ба иттилои манбаъ, 36,0 фоиз ё 1’762,2 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 3’ 131,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 15,36 дар сад ва бо асъори хориҷӣ 9,89 дар сади солонаро ташкил намудааст.

Апрель 4, 2013 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш