Ассотсиатсияи китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон меёбад
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бахшида 20-умин солгарди таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дар мавзўи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» конфронс баргузор гашт. «Конфронси мазкур дар соҳаи китобдорӣ, дар даврони 20 соли истиқлолият бори аввал баргузор шуда, он 70 нафар роҳбарони китобхонаҳоро гирди ҳам овард», — гуфт дар ифтитоҳи конфронс директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷамшед Қурбонов. Дар айни замон дар тамоми давлатҳои ИДМ Ассотсиатсияи китобхонаҳо ташкил шудаву танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз Ассотсиатсияи китобхонаҳои худро надошт. Бинобар ин роҳбариятҳои Китобхонаи давлатию патентию техникӣ, Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зарур шумориданд, ки дар ин конфронс масъалаи созмон додани Ассотсиатсияи китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монанд. Ҳадаф аз баргузории конфронс, ин пеш аз ҳама мубодилаи иттилоот ва малакаи фаъолият, шиносоӣ бо навгониҳо дар фаъолияти кори китобхонаҳо, сарватҳои иттилоотӣ, технологияҳои автоматикунонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байникитобхонавӣ, абонементи байникитобхонавӣ, дастрасӣ ба маъхазҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ, баррасии масъалаҳо дар фаъолияти кори китобдорӣ ва китобхонаҳо, ташкили сомонаҳои интернетии китобхонаҳо, ташкили намоишҳои китобӣ, тарғибу ташвиқи фаъолияти китобдорӣ тавассути ВАО, ташкили озмунҳо дар китобхонаҳо, ҷалб намудани насли наврас, донишҷўён, олимон, зиёиён, кормандони муассисаву ташкилотҳо ба китобхонаҳо мебошад. Дар конфронс як қатор масъалаҳои соҳаи китобдорӣ, китобхонашиносӣ аз ҷониби иштирокчиёни конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни конфронс тавассути муаррифиҳо ва намоишҳои видеоӣ аз фаъолият ва навгониҳои китобхонаҳои худ маърўза намуда, нақши сарватҳои иттилоотии китобхонаҳоро асос дар рушди иқтисодиёт ва инноватсия шумориданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






