Ба қонуни телевизион ва радиошунавонӣ тағйирот ворид мегардад

Апрель 8, 2013 14:45

Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» тағйирот ворид намояд. Масъалаи мазкур 8 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро муҳокима намуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Олим Салимзода, Амир Каттаев роҷеъ ба масъалаҳои мазкур ва такмили онҳо ибрози назар намуданд.  Дар анҷоми ҷаласа бархе аз масъалаҳои баррасишуда барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.

Апрель 8, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш