Ба ҳалокат расидани 7 нафар дар садама
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз 7 нафар дар натиҷаи садама дар ҷануби кишвар ба ҳалокат расиданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, рӯзи 28 апрел ронандаи мошини тамғаи Opel Vectra, таҳти идораи Пайрав Ашӯров, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Душанбе дар километри 144-ум роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Данғара, наздикии деҳаи Қаюмобод, қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба мошини тамғаи Opel Astra , таҳти идораи ронанда Сабуров Баҳриддин Шоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеъ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи Opel Vectra шаҳрванд Ашӯров Пайрав ва 3 мусофири мошини мазкур, инчунин 3 мусофири мошини Opel Astra дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошини тамғаи Opel Astra Баҳриддин Сабуров ва мусофири мошини ӯ Суннатуллои Шералӣ, соли таваллудаш 1989 бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ мегарданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






