Барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ
Ҳамадонӣ, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Ҳамадонӣ татбиқи лоиҳаи «Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ» идома дорад. Лоиҳаи мазкур аз соли 2009 бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон дар ду марҳила оғоз гардида, маркази шаҳрак ва ду деҳаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободро ба оби нӯшокӣ таъмин менамоянд. Дар айни ҳол барқарорсозии хатҳои оби нушокӣ дар масофаи 45 км ба итмом расида, ин барои беҳдошти таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар маркази ноҳия 2300 адад чумаки обгирӣ насб шудааст. Маблағи умумии барқарорсозӣ 15 млн. 800 доллари амрикоиро дар бар гирифта, баъди ба анҷом расидани лоиҳа 27 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва деҳаҳои Гулободу Навобод низ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






