Бар зидди маводи мухаддир дар ҳамбастагӣ мубориза бояд бурд

Апрель 11, 2013 09:06

Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 10 апрел бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромиллии нашъаҷаллобӣ» конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.  Дар ин чорабинии муҳим мутахассисони варзида дар самти мубориза бо ин омили номатлуб аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои Қатар, Баҳрайн, Уммон, Халиҷи Форс, намояндагони сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сафирони аксар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар созмону корпусҳои дипломатӣ иштирок намудандМақсади конфронс ин мубодилаи афкор, кашфи роҳҳои муосири мубориза бар зидди интиқолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он дар амалия ва умуман муборизаи дастаҷамона бар зидди ин омили номатлубе, ки ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, буд.Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки маводи мухаддир сарчашмаи сар задани дигар ҷиноятҳои вазнин, ба монанди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва таҳдид ба генофонди миллии кишварҳо ба шумор рафта, мубориза алайҳи он кори муштарак аст ва ҳамкориҳои густурдаеро тақозо менамояд.Бахусус, барои ошкору безараргардонии гуруҳҳои муташаккилу мусаллаҳи террористиву экстремистӣ, қочоқчиёну нашъаҷаллобон, ки аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои ифторгарову ғайриқонунӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ногузир мебошад, ки конфронси мазкур барои густариши ҳамкориҳо ва пурзӯр намудани муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин омили марговар заминаи мусоид мегузорад.Бинобар иттилои вазир дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 Конвенсияи байналмилалиро эътироф намуда, тибқи 22 созишнома бо давлатҳои дуру наздик ҳамкории худро ба роҳ монда, дар пешгирии интиқолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми арзанда дорад.Намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Замонуддин Замон нуқтаи назари худро оид ба ин зуҳуроти номатлуб иброз намуда гуфт: «Дар кишвари мо беш аз миллион нафар ба ин падидаи шум мубталоянд. Бо вуҷуди ҷангу даргириҳо Давлати Исломии Афғонистон бар зидди маводи махаддир ҳамаҷониба муқовимат менамояд. Мақсади гуруҳҳои ифратгарое, ки ба кишт ва истеҳсоли ин маводи марговар машғуланд, ноамн сохтани минтақа ва мардум аст. Дар мубориза алайҳи маводи махаддир ва ва аз байн бурдани ин падидаи шум беш аз 35 нафар полис дар ҳини адои вазифа ба шаҳодат расидаанд. Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ба дастгирии бештаре ниёз дорад ва кӯмаку дастгирии Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша эҳсос менамояд».

Апрель 11, 2013 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд