Баргузории ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа нахуст аъзои нави Шӯро аз ҷониби шарикони рушд –Роҳбари намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауер ва Кристофер Миллер муррифӣ гардида, гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд.Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош бар он дорад, ки фазои сармоягузорӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ гардида, бо ин васила дар беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимои мамлакат нақши арзанда гузошта шавад.Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ВМКБ ахбори раиси вилоят Қодири Қосим ва оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома ахбори аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ ва аз ҷониби шарикони рушд шунида шуд. Дар анҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба сохторҳои масъули давлатӣ оид ба беҳтар гардонидани шароити соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлил вобаста ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва идомаи ислоҳот ва заминаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






