Баррасии қоидаҳои будубош дар Русия
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад дар манотиқи гуногуни Русия аз ҷониби кормандони намояндагӣ бо ҳамватанони мо, ки муваққатан дар субъектҳои хоҷагидори ин кишвар фаъолият доранд, пайваста вохӯриҳо баргузор менамоянд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, чунин як вохӯрӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Ҷамъияти минтақавии Маркази фарҳангии тоҷикон «Дидор» дар шаҳри Екатеринбург гузаронида шуд. Ба толори Хонаи фарҳанги шаҳр барои иштирок дар ин вохӯрӣ бештар аз 350 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Свердлов фаъолияти меҳнатӣ дорад, ҷамъ омаданд. Корманди намояндагӣ Шоҳназар Таваров ба ҳозирин оид ба қонуну қоидаҳои будубош ва тартиби фаъолияти меҳнатӣ маълумоти муфассал дод.Таъкид шуд, ки чанде қабл дар қонунҳои Федералии Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ тағйиру иловаҳо ба амал омаданд, ки донистани онҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ ва зарурист. Зикр гардид, агар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барояшон ворид шудан ба Федератсияи Русия манъ шудааст, дидаю дониста сарҳади ин кишварро убур намоянд, нисбат ба онҳо мувофиқи конунгузории ин давлат ҷарима дар ҳаҷми 300 000 рубли русӣ, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудан ба муҳлати на кам аз 4 сол ва ё аз озодӣ маҳрум кардан ба ҳамин муҳлат, барои шахсони ташкилкунанда маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол ҷазо муқаррар шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






