Баррасии робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистону Русия дар шаҳри соҳили Нева

Апрель 11, 2013 09:53

Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург баррасӣ гардид.   Дар ҷараёни мулоқот раисони парламентҳои Тоҷикистону Русия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои дӯстонаву байнипарлумонӣ, вусъати татбиқи санадҳои сатҳи мухталифи байнидавлатию парлумониро баҳри танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳар ду кишвар, инчунин соири масоили тақвияти робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистону Русияро матраҳ сохтанд. Хотиррасон мекунем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси палатаи болоии парлумони кишвар ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё /ИИАО/ ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ дар шаҳри соҳили Неваи Русия –Санкт-Петербург қарор дорад.

Апрель 11, 2013 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст