Беҳдошти тансиҳатии модару фарзанд дар Рашт

Апрель 10, 2013 11:20

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Бонки рушди Осиё ва Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе созишномаи лоиҳаеро имзо намуданд, ки дастрасии аҳолии деҳоти қисми шарқии Тоҷикистонро ба хидматрасонии тиббӣ беҳтар месозад. Маблағи умумии созишнома ду миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дода, лоиҳаи он то соли 2016 дар амал татбиқ мешавад. Лоиҳа имкон медиҳад, ки пули 66 метраи дарёи Сарбоғи ноҳияи Рашт барқарор намуда, 18 километр роҳе, ки панҷ ҷамоати шаҳри Навободро маркази ноҳияи Рашт пайваст мекунад, таъмир карда шавад.Дар ҳошияи лоиҳа афзун намудани қудрати марказҳои тансиҳатии деҳот пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаро Вазорати нақлиёт ба ӯҳда дошта, фаъолиятро барои роҳандозии он Вазорати тандурустӣ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон таҳти назорат қарор медиҳанд.

Апрель 10, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст