Беш аз 100 кг бангдона дар Шӯрообод мусодира гардид

Апрель 30, 2013 08:46

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Шӯрообод аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ зиёда аз 100 кило маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, кормандони шуъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ муайян карданд, ки дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст — шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони милитсия ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ истанд. Лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори бангдона ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира шуд. Вазни умумии воситаҳои нашъадор 104 килою 15 граммро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Апрель 30, 2013 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд