Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Апрель 23, 2013 11:45

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар округҳои Сибир Приволже, Ғарбӣ ва Марказии Русия вазъияти мураккаби обхезӣ ба миён омадааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати минтақаҳои Русия, ҳоло беш аз 330 хонаи истиқоматӣ зери об монда, садҳо нафар одамон ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шудаанд. хххПрезиденти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ба кормандони Идораи федералии разведка ва пулиси шаҳри Бостон барои шуҷоату диловариашон ҳангоми тафтиши амалиёти террористӣ изҳори миннатдорӣ кард. хххСобиқ муҳаррири рӯзномаи «Дейли Телеграф» Чарлз Мур бо иҷозати Маргарет Тэтчер тарҷумаи ҳоли ӯро навиштааст. Муаллифи китоб ҳангоми таълифи он фикри худи Хонуми оҳанин, аҳли хонавода ва дӯстонашро ба назар гирифтааст. Ба гуфтаи мутахассисон, китоби Чарлз Мур ҳаводорони зиёдеро пайдо хоҳад кард. хххҲашт киштии Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди минтақаи ҷазираҳои Сенкаку шудаанд, ки Ҷопон онҳоро қаламрави худ мешуморад. Сарҳадбонони Ҷопон талаб мекунанд, ки киштиҳои Чин ин мавзеъҳоро фавран тарк намоянд.

Апрель 23, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш