Дар 20 сол 200 ҳазор нафар адои маносики ҳаҷ кардаанд
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳори ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ бо тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалии исломӣ иброз намуд. Сарвари давлат қаноатмандона изҳор дошт, ки натиҷаи ҳамкориҳо бо Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва кишварҳои олами ислом ба бисёр ҷабҳаҳои иқтисодиёти миллии мо манфиат оварда истодаанд. Зимни таваҷҷуҳ ба мавзӯи мазкур Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуд, ки дар тӯли 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард ва ҳоло теъдоди масҷидҳое, ки дар кишвар расман сабти ном шудаанд, беш аз 4000 ададро ташкил медиҳад, ки дар ин масъала Тоҷикистон нисбат ба шумораи аҳолӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад. Ба иловаи Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Шӯравӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 30 нафар адои маносики ҳаҷ карда буданд ва дар тӯли 20- соли соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 200 ҳазор нафар шаҳванди кишвар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. «Мо дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ба арзишҳои динии худ низ эътибори ҷиддӣ медиҳем. Аз ҷумла, чор маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, ба таври ройгон ба мардум тақсим гардид»,- иброз намуд Сарвари давлат. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Кумитаи оид ба корҳои дин, Донишгоҳи исломӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳамаи шароитҳо таъмин мешаванд, то мардуми кишвар суннатҳои динии худро озодона иҷро кунанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






