Дар Хатлон ҳодисаҳои худкушӣ меафзояд
Қӯрғонтеппа, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон сабабҳои худкушӣ ва роҳҳои ҷилавгирии он муҳокима шуданд. Тавре ки аз прокуратураи вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, муовини раиси вилоят, раисони кумитаҳои кор бо занон ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои ҷавонон ва ҷамъиятӣ, намояндагони кумитаҳои маҳаллаҳо ширкат доштанд.Дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2012 дар вилояти Хатлон 136 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки назар ба соли 2011 – ум баробари 14 ҳодиса зиёд аст. Афзоиши худкушӣ дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Восеъ, Ёвон, Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Фархор ва Вахш ба назар мерасад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






