Донишҷӯён дастгирӣ меёбанд

Апрель 19, 2013 09:49

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Устоди факултаи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар соҳаи маориф А.Насимов дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Вдохновение» ба донишҷӯписарон пойафзоли варзишӣ тақдим намуд. Мавсуф ҳангоми суҳбат ба мо иброз дошт, ки равобити дуҷонибаи ҳамкорӣ бо ин ташкилот солҳост, ки барқарор аст ва дар заминаи он ба толибилмон пайваста кӯмакҳои мухталиф расонида мешавад. Инак, ин навбат ба зиёда аз 300 донишҷӯписар, ки ба варзиш майлу рағбати беандоза доранд, пойафзоли махсуси варзишӣ ройгон дода шуд. Дар такя бар гуфтаи А.Насимов ҳамзамон ба донишҷӯёни ятиму камбизоат либосҳои гуногуни мардонаю занона туҳфа гардид. Дар радифи муҳассилин омӯзгорони эҳтиёҷманд низ аз ин кӯмакҳо баҳравар шуданд.Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии ташкилоти «Вдохновение» ба 18 нафар донишҷӯи ятими донишгоҳ кӯмаки ғизоӣ дастрас шуд.

Апрель 19, 2013 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст