Донишҷӯёни макотиби олӣ сомона тарҳрезӣ мекунанд

Апрель 4, 2013 09:23

Душанбе, 4 апрел (АМИТ «Ховар»).- Ширкати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди сомонаи беҳтарини «МегаДонишҷӯ» озмун эълон кардаанд. Мувофиқи шартҳои озмун донишҷӯёне, ки аз рӯйи ихтисоси «Информатика ва барномасозӣ» таҳсил мекунанд, бояд сомонаеро тарҳрезӣ кунанд, ки он барои ҷамъи донишҷӯён манфиатовар ва ҷолиб бошад. Дар озмун донишҷӯёни 6 мактаби олии кишвар иштирок хоҳанд кард: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Корҳои анҷомёфта аз рӯйи меъёрҳо: дизайн, ҷолибият, маълумотнокӣ, маҳорати муаррифӣ, техникаи иҷро баҳогузорӣ мешаванд. Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ширкати «МегаФон», ҳамчунин мутахассисони пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дохил хоҳанд шуд. Муаррифии лоиҳаҳо 18 апрел дар доираи лоиҳаи «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» се сол инҷониб баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.

Апрель 4, 2013 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ