Э. Раҳмон: «Мо чун ҳамеша ҷонибдори шаффоф баргузор шудани интихобот ҳастем»

Апрель 26, 2013 12:26

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд», — таззакур дод 26 апрели соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар. Вай афзуд, ки интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.«Конститутсия ва қонунгузории кишварамон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон таъмин намудани изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад», — муътакид аст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Президент зикр намуд, ки қонунгузории мо кафолат медиҳад, ки дар байни субъектҳои раванди интихобот ва иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои баҳсу муколамаҳои созанда ва изҳору ифодаи мақсаду мароми онҳо фазои орому озод ва имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд. Корро тавре бояд ташкил намуд, ки шаҳрвандон дар навбати аввал аз ҳуқуқҳои қонунии худ воқиф гардида, иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ будани худро эҳсос намоянд ва масъулиятро оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк кунанд.«Дар ин замина, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иштирокчиёни интихобот бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат роҳандозӣ намоянд», — таъкид намуд Сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки бо дарназардошти ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин тамоми субъектҳои раванди интихоботро зарур аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор гардидани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Апрель 26, 2013 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид