Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз берун аз ҳама гуна дину оин аст»

Апрель 26, 2013 13:52

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари таҳлили амиқу дақиқи соҳаҳои мухталиф ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.  Сарвари давлат аз нодидагирӣ ва ё зери шубҳа қарор гирифтани расму оинҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби баъзе расонаҳои ғаразхоҳ ёдовар шуда, махсусан паҳн гардидани хабарҳоеро, ки гӯё ҷашни Наврӯз барои мардуми мо оини бегона аст ва аз нигоҳи дини Ислом ҷашн гирифтани он мамнуъ мебошад, шадидан маҳкум кард. «Ин фикр мутлақо хатост ва барои раванди худшиносии миллӣ, ки мо мехоҳем наслҳои ҷавонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, хатари ҷиддӣ дорад»,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба қавли Сарвари давлат Наврӯз ба ягон дин иртибот надорад ва дар айни замон ба ягон дину мазҳаб мухолиф нест.

Апрель 26, 2013 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш