Эрон барои «Истиқлол» 3 млн. $ ҷудо мекунад
Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Эрон барои иҷрои корҳои боқимондаи сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон 3 миллион $ ҷудо менамояд. Дар робита ба ин 10 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони нақби «Анзоб»-ро тасдиқ намуданд. Низом Ҳакимов- вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санадҳои мазкур гуфт, ки мақсад аз тасдиқи ду Ёддошти тафоҳум анҷоми татбиқи лоиҳа мебошад. Дар асоси банди 3-и Ёддошти тафоҳуми иловагӣ, Тоҷикистон 3 млн. $ ва Эрон низ ҳамчун кӯмаки бебозгашт 3 миллион $ ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳа ҷудо менамоянд. Дар маҷмуъ маблағи умумии лоиҳа, ки 6 миллион $ муайян шудааст, дар ҳисоби муштараке. ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст , нигоҳ дошта мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






