Фаъолияти ҲХДТ дар самти кор бо ҷавонон вусъат мехоҳад
Душанбе, 1 апрел (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).- Имрӯз дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи кор бо ҷавонони назди КИМ ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори ҷаласа муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси комиссияи мазкур Маликшо Неъматов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Хонов, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷвавонон “Созандагони Ватан” Адҳам Мирсаидов, ҳуқуқшиноси дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдулло Нуров ва аъзои комиссия ширкат варзиданд. Доир ба масъалаи якуми рӯзнома, ки баррасии санадҳои муҳокимашавандаи маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ буд, раиси комиссия Маликшо Неъматов сухан карда, баъдан иштирокдорони маҷлис мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд ва қарор шуд, ки таклифу пешниҳоди комиссия ба кумитаи тадорукоти маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ пешниҳод шавад. Аз рӯи масъалаи дуюм, яъне ҷараёни иҷрои Қарори КИМ ҲХДТ аз 20 апрели соли 2011 “Оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо дар устувор гардонидани мавқеи ҲХДТ” гузориши раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Адҳам Мирсаидов шунида шуд. Дар музокираи масъала Асрор Латипов, Кабирҷон Ҷӯраев ва Маликшо Неъматов ибрози андеша намуда, бобати вусъати фаъолияти ҲХДТ дар самти кор бо ҷавонон ва такмили кори ТҶҶ “Созандагони Ватан” таклифҳои худро манзур доштанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






