Фестивали донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Туркия

Апрель 25, 2013 11:17

Душанбе,25 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-7-умин Фестивали донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии Анталия баргузор гардид,ки дар он донишҷӯёни тоҷик бо маҳорати варзишию шеърхонии худ миёни ҳам рақобат карданд.Дар ҷашнвора чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, аз қабили мусобиқаи футболбозӣ байни гуруҳҳо, озмуни шеърхонӣ аз ашъори Ҷалолиддини Румӣ, муаррифии пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон гузаронида шуд.Дар фестивал, ки аз 19 то 21-уми апрел идома кард, устодони Донишгоҳи байналмилалии Анталия , муовини раиси ҳукумати шаҳри Анталия, намояндагони Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ва зиёда аз сад нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд, иштирок карданд.Чорабинии мазкур бо дастгирии ширкати омӯзишию парваришии «Шалола» ва сафорати Тоҷикистон дар Туркия гузаронида шуда, дар интиҳои ҷашнвора ғолибони озмунҳо бо туҳфа ва дипломҳо сарфароз гардиданд.

Апрель 25, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст