Фирор баъди куштор
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–4 апрели соли 2013 соати 4.40 дақиқа дар ноҳияи Ҳисор мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кўчаи Берунӣ пиёдагард Собир Камоловро зер намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкурро ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ» Хушбахт Меликови 26- сола содир намудааст. Ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳритус мошинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Қаҳрамон ба самти деҳаи Бирляш дар ҳудуди деҳаи Чинор велосипедрон Равшан Муъминови 52- соларо зер намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ронандаи мошинаи тамғаи «ВАЗ-21099» Рӯзибой Эшдавлатов, ки ҳодисаи мазкурро содир намудааст, боздошт шуд, Ба иттилои шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов ҳафтаи равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 14 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида, 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






