Густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Апрель 16, 2013 11:16

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон 15 апрели соли ҷорӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода мулоқоти судманд доир намуд.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили бизнес-форумҳо бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, доир намудани курсҳои бозомӯзӣ, омӯзиши таҷриба аз масъалаҳое буданд, ки ҷонибҳо дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Апрель 16, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст