Хадамоти муҳоҷират бо намозгузорон дидор хоҳад кард

Апрель 24, 2013 11:10

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаро таҳия ва мувофиқа намуда, барои имзо ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод намуд.  Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ амалӣ намудани созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ва ҷамоатҳои кишварамон боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Апрель 24, 2013 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш