«Хаёти шахсони наҷиб»
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маҳфили илмию амалӣ зери унвони «Хаёти шахсони наҷиб» баргузор гардид. Чорабинӣ ба ҳаёт ва фаъолияти профессори варзидаи донишгоҳ Муаззама Мироқилова бахшида шуд. Профессор Муаззама Мироқилова соли 1959 факултаи муолиҷавии Донишкадаи тиббиро хатм намудааст. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз ординатори клиникаи кафедраи бемориҳои кӯдакона оғоз намуда, ҳоло профессори ифтихории кафедраи бемориҳои кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.Тадқиқоти илмиаш ба масъалаи омӯзиши камхунӣ ва ҳолати гемопоэз дар кӯдакони сокини пасткуҳҳо, миёнакуҳҳо ва баландкуҳҳо, самарабахшии муолиҷаи иқлимии кӯдакони гирифтори зиққи нафас дар шароити миёнакуҳ бахшида шуда, муаллифи 130 таълифоти илмӣ мебошад. Дар доираи чорабинии мазкур китобҳои муаллиф ва асарҳои соҳаи педиатрӣ ба тамошо гузошта шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






